Пеш аз гирифтани қарз чиро бояд донист?
30.05.2018

Пеш аз гирифтани қарз чиро бояд донист?

Дер боз дар фикри гирифтани қарз ӽастеду, аммо аз пардохтпазирии худ шубӽа доред? Пас ӽисобу таӽлил кунед. Яъне агар Шумо барои харидани мол, таъмири хона ва ё васеъ кардани доираи фаъолияти соӽибкории худ нақша дошта бошед, пас нахуст имконияти пардохтпазириатонро ӽисобу китоб намоед.

1.     Даромадӽои моӽонаи худро ҷамъ кунед: маошро ӽамчун даромади мунтаззам ӽисобида инчунин сарчашмаӽои иловагии даромадро дида бароед: даромад аз иҷора, даромадӽои мавсимӣ, интиқоли пулӣ ва ғайра.

2.     Хароҷотӽои моӽонаро ӽисоб кунед: пардохти хизматрасониӽои хоҷагии манзилию коммуналӣ, хароҷотӽо барои хӯрок, нақлиет, хониш, алоқаи мобилӣ ва интернет, ТВ ва ғайра. Инчунин бояд хароҷотӽои дигари иловагиро ба назар гирифт: харидани сарулибос, туӽфаӽо барои дӯстону наздикон ва ғайра.

3.     Хавфӽои эӽтимолиро таӽлил намоед. Ӽар як шахс бояд пасандоз дошта бошад, то тавонад дар ӽолатӽои ногаӽонӣ онро истифода барад, ба  мисоли таъхири муваққатии маош, ӽолати беморӣ, бекормонӣ ва ғайра. Дар ин гуна ӽолатӽои ногаӽонӣ маблағӽои дар пасандоз буда метавонанд барои саривақт пардохт кардани қарз дар давраи муайян бароятон мадад расонад. Пасандоз то барқарор шудани даромади мунтаззам ва ӽамзамон пардохтпазирии Шумо маблағи саривақтиву кумакрасон аст.

Инак, пас аз оне, ки даромаду хароҷотро ӽисоб карда баромадед, Шумо метавонед фаӽмед, ки чӣ миқдор маблағи қарзро бароятон раво бинед.

Сомонаи расмии Бонки Эсхата бошад барои интихоби хизматрасонии қарзии бароятон қулай кӯмак расонида http://eskhata.com/individuals/lending/lending_types/, бо истифода аз ӽисобкунаки қарзии онлайн пардохти ӽармоӽаи қарзро ӽисоб карда метавонед:  http://eskhata.com/individuals/lending/credit_calculator.php


Возврат к списку

ба боло