Ҷойивазкунии кадрӣ баӽри рушд ва пешравӣ!
06.02.2018

Ҷойивазкунии кадрӣ баӽри рушд ва пешравӣ!

Бонки Эсхата – яке аз муассисаӽои пешсафи молиявии кишвар бо зиеда аз 1,5 млн. нафар мизоҷонаш, худро ӽамчун бонки тиҷоратии бомуваффақ, бо фаъолияти шаффофу замонавиаш муариффӣ менамояд. Метавон гуфт, ки Бонки Эсхата бонки мардумӣ аст, зеро ба шиори хеш «Мо наздиктар мешавем!» пурра ҷавобгӯ мебошад.

Тулӣ фаъолияташ дар бозори молиявии кишвар бонк лоиқи эътимоди мизоҷону шарикон, дорои шумораи зиеди муштариен, дастовардӽову  муваффақиятӽо дар ӽама равияӽои соӽаи бонкдорӣ, иҷроиши ӽадаф ва вазифаӽои стратегӣ, лоиӽаӽои иҷтимоӣ ва намуди гуногуни хизматрасониӽои бонкӣ гаштааст.

Дар фаъолияташ Бонки Эсхата ба рисолати худ такя менамояд - кумак расонидан ба рушди иқтисодии давлат тавассути дастгирии тиҷорати хурду миёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маӽз бо гузоштани чунин ӽадаф, бонк бори аввал соли 1994 дарӽои худро барои мардум боз кард, сол аз сол шабакаи ҷойгиршавӣ ва шумораи мизоҷонашро зиед кард.

Имрӯз Бонки Эсхата – ин менеҷменти кордон, кормандони пуртаҷрибае, мебошад, ки ҳамеша барои рушду пешрафт ва амалӣ намудани ғояӽои нав кӯшиш мекунанд. Ин муносибати инноватсионӣ дар ӽалли вазифаӽо, касбияти баланди корӣ, нигоӽи баробар, коллективи муттаӽид, эътимоди мизоҷон ва шарикон аст. Бонки Эсхата барои ноил шудан ба бурдбориӽои хеш пеш аз хама ба мизоҷон, шарикон ва кормандони худ арзи сипосмандӣ менамояд. Зеро танҳо тӯли соли 2017 Бонки Эсхата ҷоизаӽои зиедро соӽиб шуд http://eskhata.com/about/news/3268/. Дастовардӽои бонк – муваффақияти якҷояи мову шумост!

Бонки Эсхата барои рушди кормандон диққати алоӽида зоӽир мекунад, ки натиҷаи он барномаи зихираӽои кадрӣ маӽсуб меебад. Бо истифода аз барномаи мазкур ва бо мақсади беӽтаргардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва инчунин дар доираи лоиӽаи дастгирии мутахассисони ҷавон Бонки Эсхата аз усули ротатсия ё худ ҷойивазкунии кормандон истифода менамояд.

Дар ин марӽила кормандон имконияти рушд ва пешравӣ дар мансаб пайдо намуда, маӽорати касбӣ, зеӽнӣ ва эҷодии хешро дар сатӽи боло месанҷанд. Бонк бошад иқтидори кадрии кормандонро муайян карда, роӽӽои нави пешравиро дарёфт месозад.

Яке аз чунин кормандон Назаров Акбар Абдушукурович мебошад. Менеҷери пуртаҷриба бо зиеда аз 20 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаӽои роӽбарикунанда, мутахассиси дараҷаи баланди соӽаи бонкӣ, дорандаи унвони дараҷаи байналхалқии МВА ба забони русӣ «Мастер делового администрирования», дар гузашта сармуӽосиб, муовини Раиси Раесат ва аъзои Раесати ҶСК «Бонки Эсхата». Аз санаи 27 январи соли 2018 оғоз карда Назаров А. А. муваққатан ӽамчун ичрокунандаи вазифаи Раиси ҶСК «Бонки Эсхата» таъин карда шуд.

Ротатсияи кормандон қадами навбатии Бонки Эсхата баӽри пешравии кор маӽсуб меебад, ки ба фаъолияти амалиётии бонк танӽо таъсири мусбӣ меорад. Замона дар як ҷо намеистад, Бонки Эсхата низ бояд ӽамқадами замона бошад.

Муассисаи молиявӣ бо маданияти ғании корпоративӣ ва механизми мураттаби роӽбарикунанда ҷонибдори рушди босубот ва амалишавии идеяӽои беӽтарин баӽри беӽтар намудани сифати хизматрасонӣ ва дастгирии мизоҷон аст, ки устуворона ба сӯи фардои дурахшон қадам мениӽад!

Вақти он расид, ки бонк сӯи технология ва инноватсия гардиш намуда, барои мизоҷонаш хизматрасониӽои наву замонавиро пешниӽод намояд. Бонки Эсхата барои расидан ба ӽадафӽои стратегии хеш омода аст.

Мо наздиктар мешавем!

 


Возврат к списку

ба боло