Аксияи "Дастгирӣ" идома дорад!
18.02.2016

Аксияи "Дастгирӣ" идома дорад!

Бонки Эсхата моҳи январи соли ҷорӣ дар бораи  оғози Аксияи нави «Дастгирӣ» эълон карда буд. Аксияи «Дастгирӣ» аз Бонки Эсхата, барои шаҳрвандон имконияти маблағгузориро бо фоизҳои пасттар аз қарзҳои  ҷорӣ ва ба мӯҳлати дароз пешниҳод мекунад. Бо маънои дигар Бонки Эсхата муаммои мизоҷонро бар дӯши худ гирифта истодааст.
Дар рафти Аксия маблағҳои қарзӣ танҳо барои мизоҷоне, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақсади қарз барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст, пешниҳод гардида истодааст.
Аз ин рӯ соҳибкорону тоҷиронро давъват мекунем, ки агар ба чунин вазъият дучор омада бошанд, аз Аксияи мазкур истифода баранд,
Зеро шартҳои он осону қулай буда, воқеан ҳам дар ин давра дастгирии амалӣ шуда метавонад.
Хотиррасон карданием, ки  Аксияи мазкур яке аз чораҳои зиддибӯҳронӣ мебошад, ки маҳз барои осон намудани мушкилии мизоҷон, шаҳрвандоне ки аз ташкилотҳои қарзӣ қарздоранд равона карда мешавад.
Бонки Эсхата ба мизоҷони худ наздик шуда,  ҳам дар шодӣ ва ҳам дар мушкилӣ бо онҳо мебошад.


Возврат к списку

ба боло