Роҳбарони ширкатҳои калон дар чаҳорчӯбаи семинар таҷрибаи худро иваз намуданд
16.02.2016

Роҳбарони ширкатҳои калон дар чаҳорчӯбаи семинар таҷрибаи худро иваз намуданд

Дар шароити имрӯзаи бӯҳронӣ бизнес-сохторҳо роҳҳои самараноки ба даст овардани ҳадафҳои худро ҷустуҷуй мекунанд. Яке аз чунин роҳҳо омӯзиш аст, ки имконият медиҳад вазифаҳои амиқро бо хароҷоти кам иҷро намояд. Мутобиқ ба тадқиқотҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, ширкатҳое ки дар онҳо фарҳанги омӯзиш тараққӣ ёфтааст, имконияти бештар барои баромадан ба руйхати пешвоёни бозор доранд. Онҳо барои қонеъ намудани талаботи муштариену истеъмолкунандагони худ саривақт чора меандешанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоюл ба омӯзиш сол аз сол зиед мегардад.
Бонки Эсхата бори нахуст ба мизоҷони бонуфузу корпоративии худ, ки роҳбарони ширкатҳои калон ба ҳисоб мераванд, пешниҳод намуд, ки дар семинари омӯзишии «Маркетинг дар иҳотаи душвор» («Маркетинг в сложном окружении»)  ширкат варзида, дар ҷараени он барои худ на танҳо маълумоти зарурӣ балки, таҷрибаи якдигарро оид ба банақшагирӣ ва идоракунӣ муҳокима намоянд.
Самти аввали семинар ба омӯзиши банақшагирӣ дар фазои тағиребанда равона гардида буд.
Дар давраи бӯҳронӣ бисёре аз бизнес сохторҳо таҳти таъсири номуайян  ва ҷаҳонишавӣ қарор доранд ва семинари мазкур барои қабули қарори дуруст дар самти идоракунӣ, маркетинг, идоракунии хавфҳо ва сиесати баҳисобгирӣ кӯмак мерасонад.  
Барои Бонки Эсхата низ ин манфиатовар аст. Ман боварӣ дорам, ки дар ояндаи наздик муносибати кории ҳозираи мо байни мизоҷон ва бонк ба муносибати шарикона мегузарад. Аз иштироки фаъолона ва аксуламали иштирокчиен маълум гардид, ки мо ба ҳадафи семинар расидем» - қайд кард Мирзоиброҳим Иброҳимов, сардори Департаменти маркетинг ва рушд ва тренери семинар.
Дар ҷамъбасти семинар, ҳангоми гуфтугӯ бо иштирокчиен, яке аз фаъолон-директори ҶДММ «Оби Ширин»  Мирзонаим Муминов чунин ҷавоб дод:
-«Семинар дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд. Мавзуи семинар саривақтӣ ва дуруст интихоб гардидааст.  Азбаски дар гузашта ман фаъолияти кориамро аз вазифаи маркетолог оғоз намуда будам, барои ман мавзӯи семинар бисёр наздик буд. Ман гумон мекунам, ки дар давраи бӯҳронӣ ин дастгирии саривақтии бизнес-сохторҳо ба ҳисоб меравад.
Як муаммое, ки маркетологҳо бештар ба он дучор мешавад, қайд кардани ҳастам. Одатан дар ширкатҳои калон ба сухани маркетолог он қадар гӯш намеанзанд, аммо вақте ки бӯҳрон сар мезанад, аз онҳо натиҷаҳои фавриро интизор мешаванд. Семинари мазкур бори дигар андешаи маро, ки ҳар як ширкат бояд стратегияи идоракунии маркетингро дошта бошад, тасдиқ кард. Бояд бо муштариен, истеъмолкунандагон, мизоҷони худ ҳамеша дар робита буд.  Бренди ширкат стратегияи рушди онро бояд инъикос кунад, зеро ҳангоми сар задани вазъиятҳои буҳронӣ таъсири негативии беруна камтар ба назар мерасад.  
Ба Иброҳимов М.И барои ташкили саривақтии семинар изҳори миннатдорӣ менамоям, дар оянда низ дар ин самт бо Бонки Эсхата ҳамкорӣ намуда, таклифу пешниҳодоти худро тариқи почтаи электронӣ исрол хоҳам кард».
Рахимҷон Ҳакимов, сардори шуъбаи қарздиҳии корпоративӣ:
«Қайд кардан ба маврид аст, ки таасуроти худро дигар иштирокчиени семинар низ иброз доштанд, андешаи онҳо минбаъд низ барои беҳтарсозии самти омӯзишии Бонк ва умуман фаъолияти Бонк истифода хоҳад гардид. Имрӯзҳо бо мизоҷони бонуфузи худ, ҳамкории зич дошта, ҳамзамон ба шарикони наздик табдил ёфта истодаем. Мо дар бораи рушди фаъолияти ширкатҳои онҳо, муаммои онҳо огаҳ ҳастем ва кӯшиш мекунем, ки барои ҳалли он мусоидат намоем. Фикр мекунам, ки дар давраи бӯҳрон гузаронидани семинар дар мавзуъи актуалӣ ба мо ва мизоҷони бозори хизматрасонӣ имконият медиҳад, ки аз ин ҳолати душвор бо хароҷот ва талафоти нисбатан камтар бароем»
Бонки Эсхата ҳамаи иштирокчиени семинарро барои зоҳир намудани таваҷҷӯҳ ва иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда,  рӯзҳои наздик ба семинари навбатӣ дар мавзуи «Брендинг» даъват мекунад.


Возврат к списку

ба боло