Фоизи пасандозҳо баланд шуд!
02.02.2016

Фоизи пасандозҳо баланд шуд!

Бонки Эсхата дар бораи баландшавии фоизи пасандозҳо эълон медорад.
Ин амал яке аз чораҳои зиддибӯҳронӣ аст, ки барои шаҳрвандони ҷумҳури бо мақсади эмин доштан ва ҷамъ шудани пули миллии сомони фароҳам оварда шуд.
Фоизи пасандозҳои солона ва зиеда аз он аз 20 то 22% муқаррар карда шуданд.
Масалан барои пасандозҳои «Даромади устувор» ва «Захирашаванда» пасандозҳое, ки ба мӯҳлати 1 сол гузошта шудаанд, 20% муқаррар гардида, барои «Хариди фоиданок» ва «Хариди фоиданок+» 22%  муқаррар карда шудааст.
Қаблан фоизҳои ин намуди пасандозҳо 18%-20% -ро ташкил дода буд.
Ҳамзамон барои онҳое, ки мехоҳанд маблағҳои озоди худро барои ояндаи фарзандонашон дар пасандози «Бачагона» нигоҳ доранд, минбаъд маблағҳои худро бо пули миллӣ бо тарофаи 20% солона метавонанд гузоранд.
Бояд қайд намуд, ки бештар бонкҳо фоизҳои қарзро паст намуда, ҳамзамон фоизи пасандозҳои аҳолиро низ паст мекунанд.  Дар ҳолати мо бошад, бо мақсади дастгирии аҳолӣ  дар давраи бӯҳрон Бонки Эсхата дубора фоизи қарзро паст намуда, амонатгузоронро низ бе таваҷҷӯҳ нагузошт ва фоизи пасандозҳоро бо пули милии сомонӣ баланд намуд.
Мутахассисон мегӯянд, ки агар шаҳрвандон 20% даромади ҳармоҳаи худро мунтазам пасандоз намоянд, пас дар охири сол маблағи назаррасро ба даст хоҳанд гирифт.
Пас дар Бонки Эсхата пасандоз кушода, маблағхои озоди худро ҳам эмин доред, ва ҳам зиёд намоед.


Возврат к списку

ба боло