Беҳтарин сохторҳои Бонк дар маҷлиси солона мукофотонида шуданд
28.01.2016

Беҳтарин сохторҳои Бонк дар маҷлиси солона мукофотонида шуданд

Идораи амалиетӣ ҳамчунин филиалҳои Бонки Эсхата дар ш.Исфара ва ноҳ. Ҷ.Расулов дар ҷамъбасти соли 2015 «Беҳтарин филиал» дониста шуданд. Раиси Раёсат Носиров Х.Д. мукофот-вымпел, диплом ва нишони сарисинагиро ба сардори Идораи амалиетӣ Зариф Разыков, ҳамчунин директорони филиалҳо Бахтиер Ҳошимов ва Акрам Мамадҷонов супориданд.

Барои мураттаб намудани стратегияи соли 2016 Идораи Амалиетӣ боз ҳам соҳиби дипломи дараҷаи якум «Беҳтарин стратегия» ба сардори ИА Зариф Разыков супорида шуд. Дипломи дараҷаи дуюм ба филиали ш.Чкаловск Фарзин Азимов, ва ҷои сеюм насиби филиали ноҳ.Шоҳмансури ш.Душанбе таҳти роҳбарии Шӯҳрат Орипов гардид. Боз 16 филиал барои иштироки фаъолона дар барномаи мураттаб намудани старегияи бонк соҳиби Раҳматномаҳо гардиданд.

Ҳамчунин унвони «Беҳтарин»-ро марказҳои хизматрасонии бонкии ш.Душанбе, Норак, Исфара, ноҳияҳои Ҷ.Руми, А.Ҷоми дар деҳаи Овчи Қалъачаи Б.Ғафуров  сазовор гардиданд. Директорони филиалҳо, ки марказҳои мазкур зери тобеи онҳо қарор доранд, бо диплом ва вымпел сарфарозонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар рафти маҷлис ҳамзамон футболбозони Бонк низ бе таваҷҷӯҳ намонданд. Барои унвони ғолиб чор даста мубориза бурданд. Дар натиҷа ҷои аввалро дастаи Раёсати Бонк, ҷои дуюмро дастаи филиалҳои шимол 1 ва ҷои сеюмро филиалҳои шимол 2 ишғол намуданд. Дастаҳои ғолиб бо диплом, ва дастаи филиалҳои ҷануб барои иштироки фаъолона низ бо диплом сарфарозонида шуданд.  
Маросими мукофотсупорӣ дар маҷлиси умумии солонаи деректорони филиалҳо ва раесати бонк дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Хотиррасон мекунем, ки ҳамасола Бонки Эсхата маҷлиси васеи худро бо иштироки роҳбарияти бонк ва ҳамаи сохторҳои он мегузаронад. Дар ин маҷлис сардорони департаментҳо, директорони филиалҳо ва сардорони шӯъбаҳо ҳисоботҳои худро оиди корҳои иҷрошуда  давоми соли ҳисоботӣ пешкаш мекунанд.  Дар бисёр маврид ин натиҷаи нишондиҳандаҳои молиявӣ,  ҳисоботи аудити дохилӣ, ҳамчунин дида баромадан ва тасдиқи нақша ва буҷаи соли 2016 маҳсуб меебанд.  Дар баромаи худ, Раиси Раёсат Хуршед Носиров иштирокчиенро барои фаъолияти босамар изҳори миннатдорӣ намуда, дар соли 2016 барои равона намудани кӯшиши зиед баҳри рушди бонк вазифагузорӣ намуд.  Хуршед Носиров қайд намуд, ки дар давраи бӯҳхрони молиявӣ самти асосӣ гузариш ба сохтори муносибати фардӣ ба мизоҷ, беҳтаркунонии ҷараенҳои бонк ва ҳамдилии аҳли ҷомеаи меҳнати  маҳсуб меебанд.

 Ба директорони филиалҳо дар кори пурмасъул,  барору комёбиҳо таманно намуд.
«Дарҳои ман ҳамеша барои шумо кушода аст, барои ҳар як ташаббуси шумо ман хурсандам. Раёсати бонк омода аст, ки ғояҳои нав, пешниҳод ва нақшаҳоро дида баромада қабул созад». - қайд намуд Носиров Х.Д.


Возврат к списку

ба боло