Аксияи «Дастгирӣ»–ҳам дар шодӣ ва ҳам дар мушкилӣ бо Шумо ҳастем!
20.01.2016

Аксияи «Дастгирӣ»–ҳам дар шодӣ ва ҳам дар мушкилӣ бо Шумо ҳастем!

Бонки Эсхата дар бораи  оғози Аксияи нави «Дастгирӣ» эълон медорад. Аксияи «Дастгирӣ» аз Бонки Эсхата, барои шаҳрвандон имконияти маблағгузориро бо фоизҳои пасттар аз қарзҳои  ҷорӣ ва ба мӯҳлати дароз пешниҳод мекунад. Бо маънои дигар Бонки Эсхата муаммои мизоҷонро бар дӯши худ мегирад.
Дар рафти Аксия маблағҳои қарзӣ танҳо барои мизоҷоне, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақсади қарз барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст, пешниҳод мегардад.
Дар ҷараёни Аксия ҳаҷми  маблағи пешниҳод мешуда мутаносибан аз 5000 то 100 001 $ ҳам бо асъори хориҷӣ ва ҳам бо асъори миллӣ пешниҳод мегардад. Афзалияти бештари Акцсияро ҳамзамон дар мӯҳлати дарози маблағгузорӣ то 36 моҳ, кам будани фоизи қарз аз қарзҳои ҷорӣ ва пешниҳоди давраи имтиёзнок то 12 моҳ арзёби мекунанд.
Чуноне ки дар Департаменти қарзии Бонк иттилоъ доданд, Аксияи мазкур яке аз чораҳои зиддибӯҳронӣ мебошад, ки маҳз барои осон намудани мушкилии мизоҷон, шаҳрвандоне ки аз ташкилотҳои қарзӣ қарздоранд, равона карда мешавад.
Бонки Эсхата ба мизоҷони худ наздик шуда,  ҳам дар шодӣ ва ҳам дар мушкилӣ бо онҳо мебошад.


Возврат к списку

ба боло