Карз барои харид, таъмир ва сохтмони хона!
19.01.2016

Карз барои харид, таъмир ва сохтмони хона!

Бонки Эсхата дар хамкори бо Вазорати рушди иктисод ва савдои ЧТ ва Бонки Олмонии Рушд (KWF) лоихаи маблаггузории манзилиро мохи маи соли 2015 татбик намудааст, ки ҳадафи он мусоидат дар беҳбудии шароити зисти мардуми Точикистон ба хисоб меравад.
Ҳар яки мо ақалан боре дар зиндаги оиди таъмири хона, сохтмон ва хариди он фикр намудаем. Вале маблаги гарон, ки барои амали намудани  ин корхо зарур аст, орзуву ниятхоро боз хам мавкуф мегузорад. Барои конеъ намудани талаботи мизочон дар харид ва ободонии хонаи истикомати ташкилотхои карзи мавчуд хастанд, ки омодаанд хизматраснихои карзиро ба шахрвандон расонанд.
Бонки Эсхата талаботи аҳолиро дар маблағгузории ин самт ба назар гиифта, қарзи «Манзилӣ»-ро низ пешкаш мекунад. Қарз барои аҳолии сатҳи даромаднокиашон нисбатан паст аз руи шартҳои дастрас пешниҳод мегардад.
Фоизи солонаи карз 28% буда, вобаста ба ноустувории қурби асъор, маблағҳои қарзӣ бо асъори милӣ ба мӯҳлати то 10 сол дода мешаванд.  
Бонки Эсхата дар чаҳорчубаи лоиҳаи мазкур пешниҳоди қарзро ба аҳоли оғоз намуд. Маблағи карз зиеда аз 7 млн. сомониро ташкил медиҳад. Шумораи қарзҳои додашуда 117 ададро ташкил додааст.
Чуноне ки муовини сардори Департаменти қарзӣ Қосимов Шӯҳрат қайд намуд, дар шароити бӯҳронӣ татбиқи лоиҳаи мазкур саривақтӣ буда, барои беҳтар намудани шароити хона ба мардум кумакрасон аст. Зеро фоизҳои нисбатан паст ва мӯҳлати нисбатан дарози қарз имконият медиҳад, ки аҳолии кишвар бо баробари хароҷоти дигар, аз амали шудани ин кори муҳим низ бароянд.


Возврат к списку

ба боло