Соли нави 2016 муборак!
30.12.2015

Соли нави 2016 муборак!

Мӯҳтарам ҳамкорону шарикон, дустони азиз!

Дар навбати аввал миннатдории худро ба Шумо мерасонем, зеро соли 2015 бо мо будед. Боварии шумо барои мо бисёр муҳим аст.
Ба туфайли ҳамкории муштарак ҳар яки мо дар самти худ ба пешравӣ ноил гардида истодаем. Ва ин боиси хурсандӣ аст!

Шуморо бо фарорасии соли 2016 самимона шодбош мегуем. Ба шумо дар соли 2016 лаҳзаҳои беҳтарини хушбахтӣ ва дустони ҷониро хоҳонем. Ҳамеша саломату бардам бошед.

Бигзор соли нав шавқу завқи нав, ғояхои аҷоиб орад ва мо бо камоли хурсандӣ барои амали гаштани он кӯмак мерсонем. Ба ҳадафи худ бирасед ва ҳар як лаҳзаи хаети худро бо самимият пур намоед.

Устуворӣ, субот ва гулгулшукуфӣ-кафили муваффақияти ҳамкории тарафайн аст!
Ба Шумо ва наздикону пайвандон, волидайн ва фарзандон саломативу хурсандии бепоенро таманно дорем.
Бо ҳамкорӣ бо Шумо ифтихор дорем. Аз хотир набароред, ки мо шуморо қадр мекунем.
Соли нави 2016 муборак!


Возврат к списку

ба боло