Пешниҳоди қарз бо сомони зиед гардид!
24.12.2015

Пешниҳоди қарз бо сомони зиед гардид!

Бонки Эсхата ҳаҷми маблағи карзиро бо пули милии сомонӣ зиёд намуд. Яке аз чораҳое, ки дар замони бӯҳрони молиявӣ аз тарафи Бонки Эсхата амалӣ гардида истодааст, ин зиёд намудани қарзҳо бо пули сомони аст. Агар соли 2014 бо пули миллӣ ба маблағи зиеда аз 405,1 млн. сомони қарз пешниҳод гардида бошад, пас соли давоми 11 моҳи соли 2015 ин маблағ  зиеда аз 423,5 млн. сомониро ташкил додааст. Дар диаграмма шумораи карзҳои додашуда ба мизоҷон оварда шудааст.
Сардори Департаменти қарзӣ Носирҷон Орипов иттилоъ дод, ки бо зиед намудани пешниҳоди қарз бо пули миллӣ, дар замони бӯҳрон бонк мизоҷонашро дастгирӣ карда истодааст, махсусан онҳоеро, ки бо тиҷорату соҳибкорӣ машғул ҳастанд.
Дар умум Бонки Эсхата нисбати ин масъала ва муаммои мизоҷон худ бетараф намондааст. Роҳбарияти Бонки Эсхата чораҳои мушаххаси зидди бӯҳрониро мураттаб намуда, ба мизоҷони худ пешниҳод карданд, зеро дастгирии мизоҷон мусоидат дар ҳалли муаммои онҳо вазифаи аввалиндараҷаи бонк ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар бонк муносибати фардиро ба ҳар як мизоҷи муроҷиаткарда дар шароити имрӯза муҳиму саривақтӣ арзеби мекунанд. Умуман дар давоми соли ҷорӣ ба Бонк 440 нафар мизоҷ оиди тамдиди қарз муроҷиат намуд, ки ҳамаи он ҳалли мусбии худро ёфт. Ба маблағи 39 629 422,2 сомони мӯҳлати пардохти қарзи ин мизоҷон тамдид карда шуд.
Моҳи феврали соли 2015 дар оғози сол, ки ҳануз овозаҳои бӯҳрони молиявӣ фаро гирифта буд, фоизи қарзҳо, ки бо доллари амрикоӣ пешниҳод мегарданд, 2% арзон шуданд. Ва инак дар охири сол низ боз ба 2% кам кардани фоизи қарз ба ҳамаи намуди хизматрасонии қарзӣ ҳам бо пули миллӣ ва ҳам асъори хориҷӣ воқеан ба дастгирии мизоҷон равона карда шудааст. Акнун мизоҷон маблағҳои қарзиро барои ҳама гуна мақсадҳо бо асъори хориҷӣ  4% арзонтар  аз фоизҳои қаблӣ гирифта метавонанд.
Чуноне ки сардори Департаменти қарзии Бонки Эсхата Носирҷон Орипов мегуяд, имрӯзҳо дастгигирии мизоҷон дар шароити буҳронӣ сарвақтӣ буда, пеш аз ҳама бонкро водор месозад, ки барои бартараф ва кам кардани зарар ва норасогиҳо сатҳи маърифатнокии онҳоро баланд бардоранд. Барои ин коршиносон ба мизоҷони худ маслиҳатҳои муфид медиҳанд, ҳамзамон роҳҳои баромадан аз муаммои баамаломадаро нишон медиҳанд.
Дастгирии Бонки Эсхата дар соли бӯҳронии 2015 барои осон намудани муаммои мизоҷон  кӯмаки амалӣ ба ҳисоб меравад.
Бонки Эсхата дар Соли нави 2016 ба ҳамаи мизоҷони худ ва мардуми кишвар бурдборӣ, пешрафту муваффақиятҳоро таманно дорад. Дар соли 2016 Бонк барои идома додани ҳамкории судманду самарабахш бо Шумо омода аст.


Возврат к списку

ба боло