-2%   дастгирии воқеии мизоҷон!
16.12.2015

-2% дастгирии воқеии мизоҷон!

Бонки Эсхата хушхабар мерасонад. Бо мақсади дастгирии мизоҷони худ дар замони на он қадар осони иқтисодию иҷтимоӣ, ки бо бӯҳрони молиявӣ вобаста аст, бори навбатӣ дар бораи паст фаромадани  фоизҳои қарз ба ҳамаи намуди хизматрасониҳои қарзӣ эълон мекунад.
Акнун мизоҷон имконият доранд, аз рӯи фоизҳои пасткарда шуда барои рушди соҳаи аграрӣ, тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ, қаноатманд намудани талаботҳои истеъмолӣ, беҳтар намудани вазъияти хона ҳамчунин барои хариди хона ва дигар ниятҳо истифода намоянд.
Ҳамин тавр фоизҳои қарз барои рушди соҳаи аграрӣ аз 20% солона бо доллари амрикоӣ ва аз 30% солона бо пули миллӣ, қарзи ипотекӣ бо доллари амрикоӣ 18% солона, бо сомони 28% солонаро ташкил медиҳанд. Қарзҳои истеъмолӣ бо доллари ИМА аз 26% солона, ва бо пули миллӣ сомони аз 34% солонаро ташкил медиҳанд. Қарзҳо бари рушди фаъолияти соҳибкорӣ бо доллари амрикоӣ аз 20% солона ва бо пули миллии сомони аз 30% солона мебошанд.
Қарзҳое, ки дар чаҳорчубаи лоиҳаи иҷтимоию-экологӣ барои кандани  чоҳҳои амудӣ, объерикунии қатрагӣ ва сохтани гармхона дода мешаванд, аз 16 % бо доллари ИМА ва аз 25% солона бо пули милии сомони, барои хариди трактор 16% солона ва 30% солона бо сомони ташкил медиҳанд.
Хотиррасон мекунем, ки моҳи апрели соли 2015 Бонки Эсхата алакай фоизҳои худро ду фоиз паст карда буд. Ва ин навбат боз иқдоми қарзро пеша гирифта ва боз ба ду фоиз  паст кард. Акнун хизматрасониҳои қарзӣ дар Бонки Эсхата 4% арзон шуд. Агар моҳи апрел бонк фоизҳои худро барои доллари амрикоӣ паст намуда бошад, пас ин дафъа пули миллии сомони низ ба назар гирифта шуд.
Бонки Эсхата мизоҷони худро қадр намуда, кушиш мекунад бо ҳар гуна восита онҳоро дастгирӣ кунад.  Умедворем, ки фоизҳоро бори дуюм паст намуда, мо барои беҳбудии мизоҷони худ мусоидат мекунем.


Возврат к списку

ба боло