Бонки Эсхата созишномаи ҳифзи муҳити зистро бо БАРТ ба имзо расонид.
08.12.2015

Бонки Эсхата созишномаи ҳифзи муҳити зистро бо БАРТ ба имзо расонид.

Бонки Эсхата барои гирифтани транши аваали қарзи Бонки аврупоии рушду тачдид (БАРТ) бо асъори миллӣ мутаносибат  3 миллион $  барои маблағгузории минбаъдаи соҳаи соҳибкории хурду миена созишномаро ба имзо расонид.

БАРТ ба барномаи инноватсионӣ маблағгузорӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим – оғоз бахшид,  дар замоне, ки намояндагони кишварҳои иштирокчӣ дар Конфронс оид ба иқлим (COP21) дар Париж иштирок доранд. Ҳамчун шарик “Барномаи озмоишии устувории иқлим” баромад намуд.

 "Тоҷикистон аз нахустин кишвари қабулкунандаи механизми маблағгузории озмоишӣ оиди аз байн бурдани оқибатҳои тағйирёбии иқлим аз ҷумла норасогии захираҳои обӣ , ҳамчун яке аз кишварҳои аз ҳама осебпазир ба тағйирёбии иқлим мебошад. Қарзҳо ба соҳибкории хурду миена ва хонаводаҳо равона хоҳад гардид», - қайд намуд намояндаи БАРТ.

Қобили зикр аст, ки механизми нави маблағгузорӣ аз қарзҳои БАРТ ва маблағҳои имтиёзноки Барномаи озмоишии Устувории Иқлим (БТУИ) дар чаҳорчубаи хазинаҳои маблағгузорири иқлим (СИФ) иборат аст. Хатти қарзӣ бошад ба соҳибкории  хурду миена, аз ҷумла фермерон ва хонаводаҳо, ба лоиҳаҳои самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, энергетикӣ ва замин равона карда хоҳад шуд.

Маблағгузорӣ дар баробари барномаҳои ҳамкории техникӣ ба дастгирии молиявии БАРТ ва Ҳукумати Британия тариқи Департаменти рушди байналхалқӣ (DFID) амалӣ карда мешавад.

Барои Бонки Эсхата - захираҳои зарурӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ -экологӣ, ки ба дастгирии сектори соҳибкории хурду миена хонаводагӣ равона мегардад, инчунин мусоидат дар ноил шудан ба мақсадҳои умумӣ ҳифзи иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Дар арафаи конфронс оид ба иқлим (COP21) дар Париж, БАРТ, меъёрҳои нави барномаҳои иқлимро қабул кард, ки 40 фисади даромади солонаи худро барои лоиҳаҳои устувории захиравӣ то соли 2020 чудо хоҳад намуд.

БАРТ аллакай хати қарзиро барои барномаҳои сарфаҷӯии энергетикӣ ва лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда дар бисёре аз кишварҳои ин амалиетҳо, ки дар байни бахши хусусӣ  маъруфият пайдо карданд пешниҳод дорад.

ҶСК «Бонки Эсхата» оид ба шумораи дороиҳо дар байни бузургтарин бонкҳои кишвар ҷои панҷумро ишғол мекунад, ва дар фаъолияти худ  ба маблағгузории соҳибкории  хурду миёна аҳамияти махсус медиҳад. БАРТ яке аз саҳмдорон ва аз шарикони боэътимоди Бонки Эсхата тули солҳои тӯлонӣ ба ҳисоб меравад.


Возврат к списку

ба боло