Бонки Эсхата-ба омӯзиши муосири донишҷӯени мактабҳои олӣ оғоз намуд!
01.12.2015

Бонки Эсхата-ба омӯзиши муосири донишҷӯени мактабҳои олӣ оғоз намуд!

Дастгирии ҷавонони лаеқатманд ва беҳтар намудани имконияти бо кор таъмин намудани онҳо яке аз самтҳои нави фаъолияти кор бо кормандон буда, татбиқи барномаи мазкур аз Донишгоҳи Ҳуқуқ бизнес ва сиесати Тоҷикистон оғоз гардид. Барои донишҷуен мутахассисони варзидаи Бонки Эсхата аз таҷрибаи худ чӣ дар самти қарздиҳӣ, кор бо амонатҳо, кортҳои пластикӣ тиҷорати чакана ва ғайраҳо дарсҳои муфид гузарониданд. Донишҷуёни болаёқатро роҳбарияти Донишгоҳ байни ҳамаи донишҷуени курсҳои болоӣ интихоб карданд.
Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон доданд, ки довталабон ба вазифаҳои холии бонк – хатмкунандагони донишгоҳҳои олӣ нисбати фаъолияти умумии бонкӣ ва хизматрасонии он дониши кифоя надоранд. Чунин ҳолат барои ба кор қабул кардани онҳо монеа шуда истодааст. Яке аз роҳҳои ба талаботи муосир омода намудани хатмкунандагон ин дар доираи омӯзиш дар донишгоҳ баланд бардоштани савияи дониши онҳо бо роҳи мунтазам ворид намудани навъовариҳои бонкдории муосир ба барномаи омӯзиш дида шуд. Бо ин мақсад, бонк тасмим гирифт, ки маводҳои омӯзишии муосири бонкиро ба муаллимон ва донишҷӯён омӯзонида, барои истифодаи оянда ин маводҳоро ба донишгоҳ супорад, - мегӯяд сардори шӯъбаи кор бо кормандон Аҳроров А.
Мақсади гузаронидани дарсҳо аз додани маълумот ба муаллимон ва донишҷӯён оиди таҷриба ва усулҳои муосири фаъолияти бонкӣ, барои мутобиқ кардани дониши онҳо ба фаъолияти имрӯзаи бонкӣ мебошад. Пешбинӣ шудааст, ки барномаи мазкур аз тарафи Донишгоҳ ба барномаи таълимӣ ворид шуда, муаллимони донишгоҳ дар навбати худ аз рӯи маълумотҳо ва маводҳои аз тарафи мутахассисони бонк пешниҳод шуда омӯзиши донишҷӯёнро ба роҳ мемонанд.  
Дарсҳо аз аввали моҳи ноябр оғоз шуда, давоми як моҳ идома ёфт ва дар умум 30 нафар донишчӯену якчанд нафар устодони донишгоҳро фаро гирифт.
Барнома худ ба донишчуён барои дарёфт кардани ҷои корӣ баъди хатми донишгоҳ имкониятро васеътар мекунад, зеро сертификатҳои бонкҳои пешсаф дар аксари соҳаҳои иқтисодиёт пазируфта мешавад.
Барномаи мазкур характери иҷтимоӣ дошта, бо баробари васеъ намудани имконияти бо кор таъмин гардидани донишҷӯен, сатҳи маърифати молиявии онҳоро низ баланд мебардорад.  


Модули охирони барнома аз «Маърифатнокии молиявӣ» иборат мебошад, ки он оиди оқилона идоракунии вазъи молиявии худ, яъне идоракунии даромад ва хароҷотҳои шахсӣ ва оилавӣ, бо мақсади пасандоз карда тавонистани маблағҳо ва пешгирии ҳолатҳои ғайримақсад истифодабарии даромади худ иборат мебошад.
Интизорӣ дорем, ки баланд намудан ва мутобиқ намудани дониши хатмкунандагони донишгоҳҳо барои дарёфти мутахассисони ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Айни ҳол ДДХ барои ҳамкорӣ бо мо омода аст ва мо худ мақсад дорем, ки дар соли оянда ин барномаро дар донишгоҳҳои дигар ба роҳ монем.,-афзуд Аҳроров А.

Барномаи омӯзишӣ аз 8 модул иборат буда, мавзуъҳои зеринро дар бар мегирад:
  • Фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Амалиётҳои қарзӣ
  • Тиҷорати чакана
  • Хизматрасонии амалиётӣ
  • Амалиётҳои хазинавӣ дар бонкҳо
  • Маркетинг дар бонкҳо
  • Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳо дар бонкҳо
  • Маърифатнокии молиявӣ
Аз тарафи донишчуён ва муаллимон барномаи мазкур бисёр хуб қабул карда шуда, иштирок дар дарсҳо фаъолнокии онҳоро нишон дод.  Бо истифода аз фурсати қулай донишҷӯен  ҳар чи бештар ба саволҳои худ аз мутахассисони бонк ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Возврат к списку

ба боло