Бонки Эсхата иштирокчии низоми пардохтии БЭСТ гардид!
19.11.2015

Бонки Эсхата иштирокчии низоми пардохтии БЭСТ гардид!

Хабари хуш барои мизоҷони Бонки Эсхата. Ба низомҳои пардохтии интиқоли пулии Бонк боз як низоми нав БЭСТ ҳамроҳ гардид. Акнун мизоҷони интиқоли пулӣ, ки ба нуқтаҳои қабули маблағҳои иштирокчии низоми пардохтии БЭСТ муроҷиат карданд, метавонанд низоми мазкурро барои интиқоли маблағ ба пайвандони худ ба Тоҷикистон истифода намоянд.
Низоми мазкур тарофаи қулай аз 1% вобаста аз маблағи интиқол пешниҳод мекунад. Суръати тези интиқол масъалаи қабул ва интиқоли маблағро дар як дақиқа ҳал мекунад. Пардохти маблағ  тариқи низоми БЭСТ  дар ҳамаи нуқтаҳои Бонки Эсхата сурат мегирад.
Имрӯзҳо 11 низоми интиқоли пулии байналхалкӣ мавҷуд аст. Низоми нави БЭСТ бо шартҳои барои мизоҷон осону қулай имконияти нав барои амалӣ намудани интиқоли пулӣ ба мизоҷон фароҳам меорад.


Маълумотнома:

Низоми пардохтии БЭСТ (Русия) соли 2014 таъсис ефта, ҳамчун низоми аҳамияти миллӣ дошта эътироф гардидааст.  Низоми пардохтии БЭСТ ба кори пурра бо бонкҳои шарик оид ба пешниҳоди интиқоли пулӣ, таъмини мизоҷони бонк бо хизматрасониҳои муосири бонкӣ нигаронида шудааст.


Возврат к списку

ба боло