Банк Эсхата барои рушди маърифати молиявии аҳолӣ мусоидат мекунад
09.10.2015

Банк Эсхата барои рушди маърифати молиявии аҳолӣ мусоидат мекунад


Октябр. Бонки Эсхата ба лоиҳаи иҷтимоии Маркази молиявии хурд оғоз бахшид, ки ҳадафи он пеш аз ҳама дар омӯзонидани ҳазорҳо истифодабарандагони ҷорию эҳтимолии хизматрасониҳои бонкӣ мебошад, ки чи гуна бехатар ва масъулиятнок аз қарз истифода баранд. Дар ин самт ба ҷуз Бонки Эсхата боз 24 ташкилотҳои қарзӣ маъракаи «Қарзи оқилона»-ро дар 15 мамлакати Аврупо ва Осиеи Маркази ҷорӣ намуданд.
Маркази молиявии хурд маъракаи иттилотию-маърифатиро барои пешбурди қарзгирии оқилона дар давлатҳои мутараққӣ ҷорӣ намудааст.
Маъракаи мазкур бо расмҳои оддӣ, ки бо шарҳи мушаххасу амиқ фаҳмонида шудааст, асос ефтааст.
Даври аввали маъракаи мазкур дар филиалҳои  ҷануби кишвар гузаронида шуд. Кормандони филиалҳо маркетинги оммавиро барои паҳн намудани маълумотномаҳои «Қарзгирии оқилона» байни аҳолӣ  истифода намуданд.
Барои ин ҷойҳои серодам, марказҳои савдои калон, майдонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо,  ҳамчунин мактабу, донишгоҳҳо ва муассисаҳои тиббӣ интихоб гардиданд. Барои робитаи мутақобила, Бонк тариқи Маркази тамос ба мизоҷонаш маълумоти муфассал  пешниҳод мекунад.
Маъракаи «Қарзгирии оқилона» дар шимоли Тоҷикистон ҳафтаҳои дуюм в сеюми октябр ба нақша гирифта шудааст. Чун филиалҳои ҷануб, ин ҷо низ маълумотномаҳо дар бораи қарзгирии оқила ба аҳоли тақсим карда мешаванд. Ҳамзамон ба сокинон оқибатҳои қарзҳои аз ҳад зиед гирифта фаҳмонида мешавад.  
Новобаста аз он ки қарз – барои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ маъмул аст, аммо истифодаи он бояд ҳаматарафа дарк карда шавад. Маъракаи мазкур барои мизоҷон бори дигар едовар месозад, ки инсони аз ҷиҳати молиявӣ бомаърифат уро аз қарзҳои аз ҳад зиеду бемаъни нигоҳ медорад ва уро водор месозад, ки маблағҳои худро оқилона сарф намояд.
Барои бонкҳо бошад маъракаи мазкур ин мусоидат дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, нигоҳ доштани ҳамкории судманди дуҷониба бо мизоҷони аз чиҳати молиявӣ маърифати баланд дошта мебошад. Дар навбати худ хавфҳои қарзӣ паст карда шуда, сифати хизматрасонии бонкӣ боз ҳам баланд бардошта мешавад.


Возврат к списку

ба боло