Калиди автомашинаҳо ба соҳибонашон супорида шуданд!
30.09.2015

Калиди автомашинаҳо ба соҳибонашон супорида шуданд!

Аҳли оилаи Пардабой Мамарозиқов аз ноҳ.Ғончӣ, яке аз се мизоҷони интиқоли пулӣ, ки дар даври ниҳоии Аксия соҳиби автомашинаи Мерседес-Бенс аз Бонки Эсхата гардиданд, бо як ҷаҳон таасурот ва ҳиссиети нотакрор ба маросими супоридани калиди мошин ташриф оварданд. Як писарам имсол сафари Ҳаҷ дорад, дигар писарам соҳиби автомашина гардид ва имсол барои ман соли нотакрор ва фаромӯшнашаванда аст,- мегӯяд қаҳрамонмодари ғолиби Акция Пардабой Мамарозиқов.
Дигар ғолиби Аксия Қамариддин Ятимов, ки аз ноҳ. Тоҷикобод мебошад бо хурсандӣ мегуяд, ки барои дӯстону наздикон зиёфат ва ташкилӣ ороста, шодиашро дучанд мегардонад.
Файзали Каримов аз ноҳ.Восеъ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба Русия мунтазам сафар мекунад. Падараш низ дар ҳамон ҷо кор карда, ба аҳли хонавода маблағ интиқол медиҳад. Хурсандии ин ҷавон низ ҳадду канор надошт.
Калидҳои мошинҳоро дар фазои тантанавӣ дар назди бинои Сарбонк муовини Раиси Раёсат Назаров Акбар Абдушукурович супорида, ғолибонро бо ин бахту толеи баланд табрику таҳният намуд.
Дар навбати худ мизоҷон дар мусоҳиба бо намояндагони ВАО иброз доштанд, ки бовариашон ба Бонки Эсхата дучанд гардид. Ва ҳамаро даъват карданд, ки бо Бонки Эсхата ҳамкорӣ кунанд, зеро воқеан Бонк ба мизоҷонаш наздик аст.
Мизоҷон бо аҳли хонаводаи худ ба автомашинаҳои худ савор шуда, гирди маркази ш. Хуҷанд сайр намуданд ва ҳар яке ба зодгоҳи худ бо тӯҳфаи гаронбаҳои Бонки Эсхата ва хотираҳои нотакрор баргаштанд.


Возврат к списку

ба боло