Ҷашни Истиқлолият муборак!
08.09.2015

Ҷашни Истиқлолият муборак!

Ҳамватанони азиз!
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Бонки Эсхата ҳамаи Шуморо бо 24- умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ табрику таҳният мегуяд.
Ҳамаи мову шумо хуб дарк мекунем, ки Истиқлолият ва озодӣ азизу муқаддас барои мардуми тоҷик аст. Боварӣ дорам, ки ҳар яки шумо ба қадри ин арзиши таърихӣ расида, минбаъд низ баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз бо татбиқи нақшаҳои созанда  ва меҳнати софдилона хизмати шоиста мекунед.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ифтихори ҷашни 24 -умин солгарди Истиқлолият мардуми сарбаланди тоҷик ва шарикони хориҷиро муборакбод намуда,  ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, ба аҳли пайвандонатон саломативу сарбаландӣ, ба Тоҷикистони маҳбуб сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоиро таманно дорам.
Ид муборак хамватанони азиз!

Бо эҳтиром,
Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата»
Носиров Х.Д.


Возврат к списку

ба боло