Бонки Эсхата ба лоиҳаҳои иҷтимоии  маърифати молиявӣ ҳамроҳ гашт
31.08.2015

Бонки Эсхата ба лоиҳаҳои иҷтимоии маърифати молиявӣ ҳамроҳ гашт

Бонки Эсхата бори нахуст аст, ки ба барномаи иҷтимоии маърифати молиявии аҳолӣ, ки аз ҷониби Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ (IFC) ташкил шудааст, ҳамроҳ гашт.
IFC аъзои гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ буда, доираи маҷмӯи барномаи маърифати молиявии аҳолиро бо роҳи ҷалб намудани ташкилотҳои молиявӣ – шарикони лоиҳа восеъ мегардонад.

Ташаббус тариқи шабакаҳои гуногуни маълумотрасонӣ, аз он ҷумла ташкил ва гузаронидани тренингҳо барои аҳолии калонсол, машваратдиҳӣ барои қарзгирандагон ва инчунин пахши роликҳои омӯзишӣ дар телевизион ва радио амалӣ мегардад.

Ин гуна маҷмӯи воситаҳои омӯзишӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри пайдо кардани маълумот оиди қоидаҳои идора намудани маблағҳои хусусӣ, рушди малакаҳои молиявӣ ва муносибатҳои мустаҳкам бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии хурд мусоидат менамояд.
Барнома иборат аст аз маводҳои омузишӣ доир ба буҷаи оилавӣ ва қоидаҳои идора намудани маблағҳои хусусӣ, қоидаҳои қарзгирии оқилона, ки оиди аз ҳад зиёд гирифтани қарз огоҳ менамояд, ба нақша гирифтани пасандозҳо, идора намудани интиқоли пулӣ, инчунин оиди афзалиятҳои ҳисоботҳои қарзӣ.

Дар доираи лоиҳаи мазкур 17-18 августи соли равон дар толори Осоишгоҳи «Баҳористон» семинари ТОТ (тренинг барои тренерон) доир гардид, ки дар он 6 нафар кормандони Бонки Эсхата иштирок карданд. Иштирокчиени семинар омӯзиши махсус гузашта, дар ҳайси тренерон ба аҳолии Тоҷикистон ва мизоҷони бонк оиди маърифтаи молиявӣ дарсҳои омӯзишӣ мегузаранд.
Инчунин санаҳои 19-20-21 август тренинг оид ба машваратдиҳии амиқ барои 12 нафар коршиносони қарзии Бонки Эсхата гузаронида шуд. Дар натиҷаи омӯзиш коршиносони қарзӣ дониши гирифтаро дар амалиёт истифода бурда, дар ҷойҳои кории худ барои мизоҷон машварат медиҳанд.
Ҳамаи ин барои омӯзонидани мизоҷон ва аҳолии Тоҷикистон оид ба методҳои идораи воситаҳои пулӣ, инчунин тарзи ҳалли муаммоҳои молиявӣ, ки дар ҳар як оила вуҷуд дорад, мусоидат менамояд. Аз ҳама муҳимаш, мо оиди методҳо ва стартегияи пасандози воситаҳои пулӣ сухан карда, воситаҳои дурусти интихоби маҳсулоти қарзии мувофиқро нишон хоҳем дод.

Лоиҳаи дигаре, ки Бонки Эсхата дар доираи он баҳри баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мусоидат менамояд, «Қарзгирии окилона» ном дорад. Ташаббуси ташкили лоиҳа аз ҷониби Маркази молиявии хурд (MFC) мебошад.

МFC чорабинии байналхалқии маълумотӣ-тавзеҳиро бо мақсади тарғиб додани қарзгирии оқилона дар мамлакатҳои тараққикардаистода кор карда баромадааст. Чорабинӣ дар асоси силсила тасвирҳои оддӣ дар ҳамроҳӣ бо  маълумотҳои кӯтоҳу аниқ омода гаштааст.
Оғози лоиҳа моҳи октябри соли 2015 ба нақша гирифта шуда, созишномаҳо бо муассисаҳои молиявии давлатҳои Армения, Озарбойҷон, Босния ва Герцеговина, Булғористон, Гурҷистон, Украина, Молдова, Қырғызистон, Сербия, Румыния ва Точикистон баста шудаанд. Яке аз шарикони лоиҳаи мазкур аз Тоҷикистон Бонки Эсхата ба ҳисоб меравад.

Иштирок дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои Бонки Эсхата ин паст шудани хавфҳои қарзӣ ва ҳамкории муфид бо мизоҷони маърифати молиявӣ дошта мебошад.
Новобаста аз оне, ки бо маҳсулоти қарзӣ аксарият мизоҷон шинос ҳастанд, қарор оиди гирифтани қарз бояд оқилона бошад. Ҳам барномаи «Қарзгирии оқилона» ва ҳам барномаи «Маърифати молиявии аҳолӣ» имконияти беҳтарин аст, зеро тариқи барномаҳои мазкур мо бори дигар хотири мизоҷонро бедор месозем, ки шахси маърифати молиявӣ дошта метавонад барои аз ҳад зиед нагирифтани қарз худдорӣ намояд,  ҳолати молиявии худро таҳлил карда, маблағҳои худро идора намояд ва аз ҳама муҳимаш имкониятҳои хешро оиди пардохти қарз объективона баҳогузорӣ карданро меомӯзад.


Возврат к списку

ба боло