Бонки Эсхата дар ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд 2015»
28.07.2015

Бонки Эсхата дар ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд 2015»

24 ва 25 июл дар варзишгоҳи ба номи «20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ярмаркаи навбатии минтақавии савдо «Суғд 2015» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва саҳмгузорони хориҷӣ ташкил ва гузаронида шудааст.

Дар ярмарка муассисаҳои гуногун, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии минтақавӣ ширкат варзида, баҳри мардуми маҳаллӣ ва меҳмонони аз дуру наздик омада имконияти пайдо кардани шинсоӣ бо маводҳо ва маҳсулотҳои худро пешкаш карданд. Қисми асосии иштирочиёни ярмаркаро намояндагони секторҳои кишоварзӣ ва истеҳсолот ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар ярмарка маҳсулоти на танҳо маҳаллӣ намоиш дода шуд, балки маҳсулоти ширкатҳои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба намоиш гузошта шуд.

Назар ба соли гузашта, соли ҷорӣ барои сектори молиявии вилояти Суғд минтақаи алоҳида ҷудо гардид, ки дар он бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии зерин ҷойгир шуд: Бонки Эсхата, Агроинвестбонк, Спитамен Бонк, Аксес Бонк, ТАКХ Арванд, ИМОН Интернешнл, инчунин шарик ва саҳмгузори Бонки Эсхата – Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд.

Дар маросими кушодашавии ярмарка Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода, сарвари Палатаи Савдо ва Саноати вилояти Суғд Фирдавс Комилов ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд.

Инчунин меҳмонон ва намояндагони бизнес-сохторҳои аз давлатҳои Руссия, Афғонистон, Эрон, Полша, давлатҳои Осиёи Миёна ва инчунин меҳмонон аз шаҳри Могилёви давлати Белорус ба чорабини ташриф оварда, бо кору фаъолият ва маҳсулоти корхонаҳои маҳаллӣ аз наздик шинос шуданд.

Ярмаркаи мазкур имконияти хуб аст барои дарёфти шарикон ва бозори фурӯши маҳсулот, бастани шартномаҳои дуҷониба ва созмон додани робитаҳои расмӣ.

Дар нимаи дуюми рӯз, санаи 24 июл дар қасри ба номи С. Ӯрунхӯҷаеви Арбоб маросими кушодашавии бизнес-форум, ки дар чаҳорчӯбаи ярмаркаи минтақавӣ ташкил шудааст, доир гардид. Дар форум Раиси Раёсати Бонки Эсхата Хуршед Носиров иштирок доштанд.

Фаъолияти ярмарка санаи 25 июл ба итмом расид. Бонки Эсхата бо сипоснома барои саҳми арзанда дар баргузории ярмаркаи минақавии савдо «Суғд 2015» аз ҷониби сарвари Палатаи Савдо ва Саноати вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуд!


Возврат к списку

ба боло