Иди саиди Фитр муборак ҳамватанони азиз!
15.07.2015

Иди саиди Фитр муборак ҳамватанони азиз!

Моҳи Шарифи Рамазон сипари гардида, Иди Саиди Фитр фаро мерасад!
Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум онро баъди амали намудани яке аз фаризаҳои ислом - доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек, дили пок ва амалҳои хайру савоб истиқбол мегиранд.

Мардум дар ин иди муборак ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд, ба ятимону муҳтоҷон дасти ёри дароз мекунанд, ва аз даргоҳи Худои мутаол ба хешу наздикон саломативу хушрӯзӣ, бахту саодат ва барои Ватани маҳбуби худ сулҳу оромиро талаб менамоянд.

Моҳи шарифи рамазонро сипари намуда, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бо фаро расидани иди саиди Фитр муборакбод мегӯям ва аз даргоҳи Худованди бузург барои ҳар яки шумо саломатии бардавом, саодатмандиву сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу мекунам.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!


Возврат к списку

ба боло