Шаш нафар толеъбахтон соҳиби мукофоти пулӣ аз Бонки Эсхата гардиданд
30.06.2015

Шаш нафар толеъбахтон соҳиби мукофоти пулӣ аз Бонки Эсхата гардиданд

Ҳануз як сол аз Аксияи бузурги «20 соли пурбарор» нагузашта, Аксияи нави «Рушди ҳамкорӣ» аллакай ғолибони худро пайдо карда истодааст. Чун қаблан огаҳӣ доред, имсол ду Аксия дар як вақт дар се минтақаи кишвар гузашта истодааст.

Се нафар толеъбахтон мизоҷони интиқоли пулӣ аз се минтақаи ҷумҳурӣ соҳиби 5000 сомони мукофотпулӣ дар даври аввали Аксияи «Рушди ҳамкорӣ» гардиданд. Хотиррасон мекунем, ки Аксияи мазкур ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Хатлон ва вилояти Суғдро фаро гирифтааст. Инак номи ин толеъбаландон:

1. Шарифов Бобоҷон Ҷамшедович аз ш.Душанбе рақами тартибӣ-10081927
2. Дустматова Дилфузахон Негматовна аз ш.Қайроқум р/т 20006728
3. Назаров Тағоймурод аз ш.Кӯлоб р/т 30027608

Ҳамзамон Аксияи мазкурро бурди байни истифодабарандагони Овердрафти Квартет низ мукаммал намуда, дар ин самт низ ғолибони даври аввал муайян гардиданд. Мизоҷон ҳангоми истифодабарии Овердарфт, соҳиби рақамҳои тартибӣ шуданд, ки дар ҷамъбасти даври аввали Аксия бурд карда шуд. Ғолибон аз шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, ва ноҳияи Евон соҳиби 3 000 сомони мукофотпулӣ шуданд.


1.Саврова Тахмина Хайруллоевна аз ш.Душанбе р/т  А 000305
2.Кабирова Зулфиҷон аз ш.Конибодом р/т  В 000521
3. Гаффорова Бибираҷаб аз ноҳ.Евон р/т  С 000182

Бурди даври аввал тариқи тасодуфӣ сурат гирифт. Ва он барои ҳар се минтақа дар алоҳидагӣ гузаронида шуд. Аксияи мазкур то санаи 31 август давом меебад.
Мизоҷон имконият доранд, дар ҷамъбасти даври дуюм боз ҳам соҳиби мукофотпулиҳо ба маблағи 10 000 ва 5000 сомони гарданд.
Аз ҳама тӯҳфаи калон дар ҷамъбасти Аксия –автомашинаи тамғаи Мерседсе Бенс е класс дар байни мизоҷони интиқоли пулӣ  ва мукофотпулӣ 20 000 сомони байни мизоҷони Овердрафти Квартет соҳибони худро пайдо хоҳад кард.
Мизоҷон чи қадаре, ки дар нуқтаҳои интиқоли пулӣ зиёд маблағ кабул кунанд ва аз хизматрасонии Овердрафт истифода баранд, ҳамон қадар имконияти бурди тӯҳфаи асосӣ автомашинаи Мерсес ва мукофоти калони пулиро пайдо хоҳанд кард.
Дар Аксия фаъол бошед ва соҳиби тӯҳфаҳои калон гардед!


Возврат к списку

ба боло