Рузи Вахдати милли муборак!
26.06.2015

Рузи Вахдати милли муборак!

27 июни соли 1997 созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷати муҳим дар таърихи кишвари мо аз ҳуҷҷатҳои таърихию тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Аз ҳамон лаҳза давраи нави сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ ва беҳбудии мардум оғоз ефта буд.
Ҳамватанони азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдат ва Ризоияти миллӣ, ки рамзи ҳифзи якпорчагии марзи кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад, самимона шодбош мегуям.
Бигзор дар хонадони ҳар яки шумо файзу баракати рӯзгор ва оромиву осудагӣ ҳукмфармо бошад. Бигзор хуршед болои сари мардум нурпошӣ намояд. Бигзор сулҳу субот дар кишвари азиз ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Рӯзи Ваҳдати Миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Бо эҳтиром,
Раиси Раёсат:
Носиров Х.Д.


Возврат к списку

ба боло