Таърихи таъсисёбии бонк 

Агар «Бонки Эсхата»-ро зодаи замони соҳибистиқлолиятии ватанамон номем, хато нахоҳем кард. Зеро он маҳз ба шарофати соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар давраи ниҳоят вазнин, солҳои 1993 - 1994 ташкил кардани бонки тиҷоратӣ кори осон набуд ва дар кишвари ҷангзадаи мо муваффақияти калон 6а ҳисоб мерафт. Оғози фаъолияти бонкӣ дар он солҳо басо душвор буд. Иқтисодиёти маҳаллӣ дар ҳолати гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ буд. Барои муомила дар ин бозор пул лозим буд. 

Маҳз бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва беҳтар кардани сатҳи некȳаҳолии мардум, аз рȳзҳои аввали фаъолият Бонки Эсхата ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ  маблағҳои қарзӣ пешниҳод карда истодааст, то ки онҳо кори тиҷоратии худро ба роҳ монанд. Зиёда аз  80% -и ҳаҷми сандуқи қарзиро маблағҳое ташкил медиҳанд, ки барои рушди соҳибкорӣ равона карда шудааст.  Аксарияти мизоҷони мо аз маблағҳои хурд оғоз карда, имрȳз ба боварии бонк даромаданд.

Рȳз аз рȳз доираи фаъолияти бонки мо васеъ мешавад, ки ҳадаф аз он наздик шудан ба мизоҷони худ, таъмин намудани дастрасии онҳо ба хизматрасонии босуръат ва босифати бонкӣ ба ҳисоб меравад.

Имрȳзҳо мо барои шахсони ҳуқуқию воқеӣ намудҳои гуногуни қарзро пешниҳод карда истодаем. Қарзҳои талаботии гуногунмақсад, қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, қарзҳои майда барои шахсони воқеӣ, қарзҳои хурду миёна, аккредитив, қарзҳои байнибонкӣ, тиҷорати молиявӣ ва ғ-ҳо барои шахсони ҳуқуқӣ. Вобаста ба мақсадҳои қарзӣ, мо фоизи онро дида баромада, барои мусоидат дар пешрафти кори ин ё он мизоҷ кȳшиш мекунем. Қарзҳо аз 36 то 24% солона пешниҳод мегарданд. 

Аз рȳзи ташкилёбиаш яке аз ҳадафҳои асосии бонк ин дастгирии соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад. Махсусан Бонк барои рушди истеҳсолоти худӣ ва маблағгузории он аҳамияти ҷиддӣ дода истодааст. Дар ин замина Бонки Эсхата бо Бонки Аврупоии Таҷдиду Тараққиёт ҳамкории зич дошт, ва тȳли чанд сол лоиҳаи нави маблағгузории соҳибкории хурду миёнаро бо шарту шароити барои мизоҷон қулай татбиқ намуд. Дар чаҳорчȳбаи лоиҳаи амалигашта самтҳои қарзӣ барои маблағгузории минбаъдаи корхонаҳои хурду миёна равона гардидаанд. 

Ҳамзамон Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид ба Бонки Эсхата дар лоиҳаи маблағгузории соҳибкорони миёна ҳамдастӣ намуд, ки соҳибкорон маблағҳои қарзиро барои рушди лоиҳаҳои инвеститсионии худ гирифта тавонистанд. 

Бонки «Эсхата» зиёда аз 22 сол боз фаъолият мебарад. Мақсади асосӣ аз таъсисдиҳӣ ва ташкил намудани он чи хеле дар боло зикр гардид саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, ободонии Ватан, дастгирии соҳибкорон ва дар маҷмўъ хизмат ба мардум буд. Хушбахтона талошу кўшишҳои якҷоя беҳуда нарафта, самараи хуб доданд. Ва имрўз бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки «Бонки Эсхата» ба туфайли хизматрасонии хуб ба боварии аҳли ҷомеа сазовор шудааст. 

Шумораи филиалҳои мо ба 22, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба 302 адад расидааст, ки талаботи мизоҷонро дар хизматрасонии тезу босифат таъмин месозад. Ҳамчунин 1 Идораи амалиётӣ дар бинои Сарбонк фаъолият дорад. Ин гуна филиалу марказҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо дар назардошти нуфузи аҳолии он ва шароити рушди иқтисодиву иҷтимоии он ташкил карда мешавад. Ҳамаи онҳо барои мизоҷон хизмат мерасонанд ва дар тасаввуроти ҳамаи онҳо симои мизоҷ ягона аст. 

Бонки Эсхата пеш меравад ва аз таҷрибаи гузаштаи худ меомȳзад. Қоидаву низоми ҷиддӣ кормандонро дар ҳамин муҳит тарбия мекунад. Онҳо хуб медонанд, ки мизоҷ барои онҳо нафаре аст, ки бо нияти боварӣ меояд ва мекȳшанд, ки ин бовариро сазовор шаванд. 

Барои Бонки Эсхата мизоҷ арзиштарин сармоя буда, ҳамеша баҳри рушд ва пешрафти онҳо кȳшиш ба харҷ хоҳад дод. Муваффақияти ҳар яки онҳо, комьёбии Бонки Эсхата аст!

ҶСК «Бонки Эсхата» дар асоси шартномаи муассисон аз 16 уми ноябри соли 1993 ҳамчун бонки тиҷоратӣ таъсис дода шуд. Мутобиқи қарори маҷлиси муассисон аз 28 маи соли 1999 ба бонки тиҷоратии саҳомӣ табдил дода шуд. 12 сентябри соли 2002 ҳамчун Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» аз нав ба қайд гирифта шудааст.


ба боло