Дар бораи Бонки Эсхата

ҶСК «Бонки Эсхата» — яке аз иштирокчиёни фаъоли бозори молиявии Тоҷикистон буда, ҳамаи намуди амалиётҳои бонкиро амалӣ мегардонад. Шабакаи васеъи Бонки Эсхата аз 1 Идораи амалиети дар бинои Сарбонк, 22 филиал ва 298 маркази хизматрасонии бонкӣ иборат аст. Мо ба мизоҷони худ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро, ки дар таҷрибаи молиявии байналхалқӣ қабул гардидааст, пешниҳод менамоем.

Бонки Эсхата яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба панҷгонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст.

Ба хизматрасониҳои бонк инҳо дохил мешаванд:

  • Қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ;
  • Қарзҳои талаботии гуногунмақсад;
  • Интиқоли пулӣ;
  • Хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • Пасандозҳо;
  • Маблағгузории тиҷоратӣ;
  • Аккредитив;
  • Кафолати бонкӣ;
  • Иҷораи ячейкаи сейфӣ;
  • Хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ;
  • Хизматрасонии инкассатсия.

Арзишҳои муҳими Бонк боварӣ ва дастрасии хизматрасониҳо, устуворӣ ва шаффофият, махфият, навоварӣ, ягонагӣ маҳсуб меёбанд.

Давоми фаъолияти худ Бонки Эсхата боварии мизоҷонро сазовор гардида, ҳамчун ҳамкори боэътимод эътироф гаштааст. Имрȳзҳо бонк аз рȳи мақсади стратегии худ  боз ҳам наздиктар шудан ба мизоҷони худ фаъолият бурда, сол то сол филиалҳои нав, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли пулиро ифтитоҳ менамояд.

Давоми фаъолияти худ Бонки Эсхата бо ширкатҳои рейтингии байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад, ки нишондиҳандаҳои молиявии бонкро баҳогузорӣ намудаанд.

B3- (Мудис Инвесторс Сервис, Англия) (2011-2015)

Дар самти молиявию қарзӣ ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти Тоҷикистон Бонки Эсхата таваҷҷȳҳи асосиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию, иқтисодӣ ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум равона мекунад. Дар давоми фаъолияти худ ҶСК «Бонки Эсхата» ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ низ аҳамияти муҳим дода, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ кȳмаки молиявии худро мерасонад. Ҳамзамон Бонк барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои гуногуни варзиширо сарпарастӣ менамояд.


ба боло